Гӯшаи шахсии Раҳими Мусулмониён дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 13 июн, (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Имрӯз, 13-уми июн дар Китобхонаи милии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи гӯшаи шахсии донишманди тоҷик Раҳими Мусулмониён доир гардид. Дар маҳфил аҳли илму адаб ва наздикону пайвандони адиб ширкат доштанд. Мавриди зикр аст, ки гӯшаи шахсии Раҳими Мусулмониён дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо талоши фарзандонаш ташкил шуд, ки онҳо дар ин гӯшаҳудуди 4 ҳазор китоб гузоштаанд. Гуфтанист, ки Раҳими Мусулмониён доктори илмҳои филология ва муаллифи якчанд китобҳои таълимӣ мебошад. Аз ҷумлаи навиштаҳои адиб китоби «Назарияи адабиёт» мебошад , ки аз рӯи он донишҷӯёни факултаи журналистика ва филологияи ДМТ дарс мехонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






