Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNODC
Душанбе, 11 июн (НИАТ «Ховар»).- 10 июни соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва Дафтари Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC) мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ назди ҳозирин сардори Дафтари намояндагии раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Алӣ Саряздӣ бо маърӯза «Оид ба вазъи маводи мухаддир дар минтақа, хатсайрҳои интиқоли маводи мухаддир, барномаҳои татбиқшаванда дар самти мубориза алайҳи паҳншавии ин мавод» ва дигар масоили марбута баромад намуд. Ҳамзамон сардори шӯъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Чикалов оид ба вазъи маводи мухаддир дар минтақа ва Тоҷикистон, ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир маърӯза кард. Иштироккунандагони мизи мудаввар доир ба масъалаҳои матраҳшуда табодули назар намуда, ба мувофиқа расиданд, ки баргузории мунтазами чунин чорабиниҳо барои ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи самаранок алайҳи маводи мухаддир муфид мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






