Густариши муносиботи Тоҷикистону Афғонистон дар самти маъюбият

Июнь 17, 2013 14:22

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Масъалаҳои тавонбахшии равони шахсони маъюб ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мавзўи маъюбият дар мулоқоти муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарипова бо ҳайати коршиносони соҳаи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ва руҳии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳокима гардид. Аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавонбахшии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мавзўи маъюбият ва бозтавонии ҷисмонӣ табодули назар намуданд. Дар назар аст, ки ҳайати коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар давоми сафари хизматиашон дар Тоҷикистон аз фаъолияти баъзе сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла МД «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ», МД «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо», МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» ва КВД «Заводҳои протезӣ- ортопедии шаҳри Душанбе» дидан кунанд.

Июнь 17, 2013 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд