Хизматрасонии ройгони табибони варзида ба аҳолии Хатлон

Июнь 17, 2013 14:20

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Рӯзи 14 июни соли равон таҳти шиори «Фарди солим – миллати солим» дар маркази вилояти Хатлон машварати сайёри мутахассисони Вазорати тандурустӣ доир гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамалакат иттилоъ доданд, ин дафъа мутахассисони баландпояи тибби Тоҷикистон, аз ҷумлаи профессорону устодон ва табибони шинохта аз сармуассисаҳои соҳа ба мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он машварат, ташхис ва дигар хизматрасонии тиббиро ба таври ройгон ба роҳ монданд. Зиёда аз шаш ҳазор нафар муроҷиаткунандагон дар ин рӯз маслиҳат гирифтаву аз ташхис гузаштанд ва ин нишондиҳандаи он буд, ки воқеан мардум ба ин гуна ташхису машварат ва хизматрасониҳои тиббӣ ниёз доранд, қайд намуд манбаъ. Бояд гуфт, ки дар доираи чорабинии мазкур, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб машварат ва ташхиси набзу фишор, сабти барқии дил, муайян намудани миқдори қанд дар хун, муоинаи чашм, ташхиси флюорографӣ, маслиҳату машварати мутахассисон дар тамоми самтҳои солимии аҳолӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ анҷом дода шуданд. Яке аз хизматрасониҳое, ки дар ин рӯз аз ҷониби мутахассисон дар доираи ин чорабинӣ бомуваффақият амалӣ гардид, ин гузаронидани ҷарроҳиҳо буд. Ва бояд қайд намуд, ки дар ин рӯз аз ҷониби мутахассисони баландпоя 12 ҷарроҳии мураккаб ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ оид ба ҷарроҳии абдоминалӣ Саидилҳом Аҳмадов як ҷарроҳии мураккаби ҷигар ва сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ оид ба бемориҳои урологӣ Исматулло Нусратуллоев як ҷарроҳии мураккаби гурдаро бомуваффақият гузарониданд. Роҳбарияти Вазорати тандурустии кишвар ният дорад, ин иқдомро дар тамоми шаҳру навоҳии дигари кишвар низ идома диҳад. То имрӯз ин гуна хизматрасониҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Роғун, ноҳияи Балҷувон, ноҳияҳои водии Рашт доир гардиданд.

Июнь 17, 2013 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд