«Hyundai Accent» насиби кӣ мешавад?
Душанбе, 14 июня. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бегоҳии имрӯз дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол ва футболи хурд, ки аз 11-уми майи соли равон идома дошт, ҷамъбаст мегардад ва ғолибон муайян хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи футбол ва футболи хурд зиёда аз 36 даста, аз ҷумла дар мусобиқаи футбол 14 даста ва дар мусобиқаи футболи хурд 22 даста барои соҳиб шудан ба Шоҳҷоиза — автомашинаи сабукрави тамғаи «Hyundai Accent» ва «Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол» қувваозмоӣ намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






