«Hyundai Accent» насиби кӣ шуд?
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дастаи футболи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар бозии финалии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол ва футболи хурд бо дастаи футболи ҶСП «Фароз» қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 1:0 ғолиб баромада, соҳиби Шоҳҷоиза — автомашинаи сабукрави тамғаи «Hyundai Accent » ва «Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол» гардид.Ҷойи дуюм насиби дастаи «Фароз» ва ҷойи сеюм насиби дастаи «Тура» аз ноҳияи Шаҳринав гардид.Дар бозии футбол байни калонсолон бошад, ҷойи аввал насиби дастаи Вазорати молия, ҷойи дуюм насиби дастаи ВКД ва дастаи «Спитамен» ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.Дар бозии футоли хурд байни наврасон ҷойи аввал ба дастаи «Ситора», ҷойи дуюм ба дастаи «Истиқлол» ва ҷойи сеюм ба дастаи «Ромиз» дода шуд. Ғолибон бо ҷом, медалҳо, ифтихорномаҳо, телевизорҳои плазмавӣ ва ДВД-плейерҳо мукофотонида шуданд.Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол ва футболи хурд бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли як моҳ давом кард.Дар мусобиқа зиёда аз 36 даста, аз ҷумла дар мусобиқаи футбол 14 даста ва дар мусобиқаи футболи хурд 22 даста қувваозмоӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






