Иқдоми байнидавлатӣ
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар»). – Мувофиқи созиши байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон чанде пеш дар деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки вилояти Боткен ва ҷамоати Овчиқалъачаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо маводи нашъаовар ҷамъомади махсус баргузор шуд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, чунин чорабинӣ бори нахуст сурат гирифта, аҳолии ҳар ду вилоятро фаро мегирад, ки ин ҳам ба ҷилавгирии нашъамандӣ ва ҳам ба таҳкими ризоияти байнимиллӣ ва ҳамсоягии нек мусоидат менамояд. Дар ин маросим роҳбари Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон, сардорони раёсатҳои мубориза бо маводи нашъаовари ҳар ду ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҳамчунин созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат доштанд. Дар ҷараёни чорабинӣ мусобиқоти варзишӣ баргузор гардида, ҳунарпешагони Қирғизистону Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






