Иқдоми ширкатҳои мобилӣ қобили дастгирист
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»,). — Чанде пеш ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва бевосита ба муштариёни худ эълон карданд, ки аз 1 июни соли равон тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда нархгузории хизматрасонии худро бо пули миллӣ анҷом хоҳанд дод. Қобили қайд аст, ки тасмими боло, бо вуҷуди он ки хеле дер рӯйи кор омад, иқдоми хуб ва ватандӯстона ба шумор рафта, баъди татбиқи он дар амал кори муштариёнро ҳангоми ҳисобу китоби хизматрасонии ширкатҳо осонтар мегардонад. Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди гузориши худ изҳор менамояд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии “Сомонӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 “Оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии “Сомонӣ” муқаррар шудааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёфта, бо асъори хориҷӣ ё бо воҳидҳои шартӣ ифода ёфтани онҳо, манъ аст. Мутаассифона, баъзе субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ муддатҳои тӯлонӣ ин талаботи қонунро нодида гирифта, фаъолияти худро дар асоси бо асъори хориҷӣ ва ё воҳидҳои шартӣ нархгузорӣ намудани арзиши хизматрасониашон идома медоданд. БМТ ҳамчун мақоми ваколатдор барои ислоҳи вазъи мавҷуда дар ин самт мунтазам кор бурда, то ин вақт ба ҷорӣ намудани нархгузориҳои ҳаққи хизматрасониҳою арзиши амвол ва пардохти он бо пули миллӣ дар низоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ, чорабиниҳои ба иҷрои Ҳаҷ алоқаманд, гурӯҳи муайяни дукону мағозаҳо ноил шуд. Ин натиҷа тавассути истифодаи шаклҳои гуногуни таъсиррасонӣ, аз қабили фаҳмондадиҳӣ, огоҳнамоӣ, додани амру супоришҳо, татбиқи ҷаримаҳо ва таҳияи Протоколҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбати субъектҳои хоҷагидорӣ муяссар гашт. Ба мушкилоти мавҷудаи техникӣ нигоҳ накарда, БМТ дар ниҳояти кор ширкатҳои мобилиро барои бо пули миллӣ муқаррар кардани нархи хизматрасониашон водор намуд. Аслан дар амал тамоми пардохтҳои муштариёни ширкатҳои номбурда бо пули миллӣ сурат мегирифт ва минбаъд дар тавозунашон бо асъори хориҷӣ ифода ёфтани ин маблағҳо ба нафъи онҳо набуд. Илова бар ин, бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва инъикоси бақияи маблағҳо дар суратҳисобҳои муштариёну тавозуни ширкатҳо танҳо ва танҳо ба фоидаи тарафҳо хоҳад буд. Аз як тараф талаботи қонунгузорӣ риоя мешавад, аз ҷониби дигар ба мақому манзалати пули миллӣ арҷ гузошта шуда, ниҳоят ба кам шудани хароҷоти муҳосибию хавфҳои тағйирёбии қурби асъор оварда мерасонад. Инчунин, ин амал шаффофияти хароҷоти маблағҳо ва соддаю фаҳмо шудани ҳисобу китобро бо ширкатҳои мобилӣ таъмин менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон оғози бо пули миллӣ муқаррар намудани тарифҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя бикунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти БМТ иттило доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






