Иди кӯдакон
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар»). – 3 июн рӯзномаи «Вечёрка» ва Маркази фарҳанги «Аржанг» ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар «Боғи пойтахт» — и шаҳри Душанбе Иди анъанавии кӯдаконро баргузор намуданд. Имсол тасмим гирифта шуд, ки тарбиягирандагони хона — интернатҳои минтақавӣ ба ин ид даъват карда шаванд. Дар робита бо ин, 200 нафар тарбиягирандагони мактаб — интернати ноҳияи Шаҳринав, ки таҳти парастории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва «Амонатбонк» — и қарор доранд, меҳмони сокинони Душанбе гардиданд. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ, ҳамчунин ихтиёриёни созмони ғайриҳукуматии «Даст ба даст» дар ин рӯз ҷойҳои шоёни диққати пойтахти кишварро ба кӯдакон нишон доданд.Дар «Боғи Парчам» ва Боғи Устод Рӯдакӣ ба тарбиягирандагон дар бораи Нишону Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои тарбияи маънавии наврасон нақл карданд. Дар анҷоми ин чорабинӣ кӯдакон дар «Боғи пойтахт» истироҳату фароғат намуда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуданд. Хотирнишон месохем, ки Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин Бонки давлатии «Амонатбонк» сарпарастони ин чорабинӣ буданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






