Ифшои истифодаи ғайримақсадноки мошинҳои хидматӣ
Қӯрғонтеппа, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Кормандони Назорати давлатии автомобилии вилояти Хатлон тайи панҷ моҳи соли равон 92 ҳазор ҳодисаи қонуншикании маъмуриро фош намуданд. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони мардумии вилоят фаъолияти нозирони давлатии автомобилиро ба таври мусбат арзёбӣ карда, зикр намуд, ки онҳо 755 ҳодисаи дар ҳолати мастӣ идора намудани мошинҳо ва 369 ҳодисаи бидуни рақамҳои дахлдори давлатӣ идора кардани автомобилҳоро ошкор намудаанд. Ҳамчунин 61 ҳодисаи истифодаи ғайримақсадноки нақлиёти хидматӣ ошкор гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






