Ифтитоҳи бинои хизматрасонии ТОҶ СИТИ дар Хуҷанд
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»).-Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои хизматрасонии ТОҶ СИТИ-ро ифтитоҳ намуд.Чунонки зикр гардид, ин бинои панҷошёна бо харҷи қариб сеюним миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 130 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.Дар таҳхонаи бино толорҳои варзишӣ, намоиши кино ва утоқҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд.Ошёнаи якум дорои толори таомҳои зудомодашаванда бо 70 ҷойи нишаст ва толори хизматрасонӣ мебошад. Дар ин толор хатнасури 21 нафар писарча аз хонаи кӯдакони Хуҷанд ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд.Ошёнаи дуюми барои толори ороиши занона ва фурӯшгоҳи либосҳои омехтаи замонавӣ ва ошёнаҳои болоӣ барои утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар утоқҳои иҷоравӣ пешбинӣ шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






