Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар шаҳри Алкувайт-пойтахати Давлати Кувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари мутараққии арабӣ боз шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои сафорати Тоҷикистон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ҳамроҳӣ намуд.Дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ба хонаи миллии тоҷикӣ, ки дар назди сафорат бунёд ёфтааст, ворид шуда, дар болои кати тоҷикӣ каме фароғат намуданд.Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароите, ки дар ин бинои нав барои дипломатҳои тоҷик муҳайё гардидааст, баҳои баланд дода шуд.Зимни суханронии табрикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои нави Сафорати Тоҷикистонро “рӯйдоди муҳим дар рушди муносибот бо Давлати Кувайт” номида, изҳори умед кард, ки “дар пайравӣ ба ин иқдом дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сафорати муқимии Давлати Кувайт боз мегардад”.Бо қаноатмандӣ аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи ин раванд сафоратҳо ва доираҳои дигари масъули ҳарду давлат бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд.Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оғозбахши марҳилаи нави муносиботи ду кишвар номида, изҳор дошт: “Мо ваъда медиҳем, ки дар ояндаи наздик Сафорати Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон боз хоҳад шуд”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






