Ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Субҳи имрўз панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикстон, ки азми сафар ба шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбурги Русияро доштанд аз тарафи мақомоти дахлдори ин кишвар аз фурудгоҳ баргардонида шуданд. Ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, тибқи қонунҳои Федеролии Русия шаҳрвандон — Қудратулло Қодиров, Абдуваҳоб Буриев, Мирзохуҷаи Карим, Мусо Мусоев ва Анвар Сафаров ба муҳлати се сол аз ворид шудан ба қаламрави ин кишвар маҳрум карда шуданд. Дар суҳбат бо ин муҳоҷирон маълум гардид, кормандони мақомоти дахлдори ФР дар фурудгоҳҳои Домодедови шаҳри Маскав ва Колсоваи шаҳри Екатеринбург ба шаҳрвандони мо сабаби бозгардони онҳоро дар вайрон намудани қонунҳои Федеролии Русия арзёбӣ намудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






