Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон муайян гардид
Душанбе, 12 июня. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли равон дар маҷмааи «Душанбе-плаза» конфронси минтақавӣ доир гардид. Дар кори конфронс муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов, намояндагон аз идораҳои патентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Идораи патентии Авруосиё ва Созмони умиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ширкат варзиданд. Дар рафти кори конфронс тибқи натиҷаҳаи озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2012» аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба ғолибон «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот, «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», «Медали тилоии Блинников», «Медали тиллоии Созмони умиҷаҳонии моликияти зехнӣ», «Ифтихорнома» ва «Диплом»-ҳои махсуси чорабинӣ ва тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдим шуд. Аз ҷумла, номзади илмҳои кимиё, корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Мубаширхон Мирзоевна барои ихтирои «Тарзи ҳосил намудани намакҳои табобатӣ бо иловаҳои биологӣ барои ваннаҳо» сазовори «Медали тиллоии СУМЗ» ва ҳамчун «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011-2012» дониста шуд. Аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода 6 нафар корманди «Маркази миллии патенту иттилоот» бо «Ифтихорнома»-и Вазорат қадрдонӣ гардиданд. Дар анҷоми чорабинӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва Идораи патентии Авруосиё Созишнома дар бораи пешниҳод намудани дастрасии маъхази патентию иттилоотии «ЕАПАТИС» ба китобхонаҳои оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






