Имзои 11 созишномаи грантию қарзӣ
Душанбе, 20 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои донор 11 созишномаи грантӣ ва қарзӣ ба маблағи 899 миллион сомонӣ ба имзо расонидааст»- гуфт Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи ҷумҳурӣ дирӯз дар Парлумони мамлакат. Вазир афзуд, ки аз 11 созишномаи ба имзо расонида 4 созишномаи қарзӣ ба маблағи 441 миллион сомонӣ ва 7 созишномаи грантӣ ба маблағи 460 миллион сомонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишварамон -энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ амалӣ мешаванд. Зикр гардид, ки имзои ин созишномаҳои қарзию грантӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муосидат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






