Имзои ҳуҷҷатҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши 31 май дар Душанбе аз номи ҳукуматҳои ду кишвар роҷеъ ба Лоиҳаи ҷудо намудани идрорпулиҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Япония табодули ёддоштҳо намуданд. Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва роҳбари Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷиро Иида аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии JICA Созишномаи грантиро оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расонданд. Қобили зикр аст, ки сармояи омӯзишӣ дар доираи барномаи рушди захираҳои башарӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ниёзи зиёд ба рушди захираҳои башарӣ доранд, нигаронида шудааст. Барномаи мазкур барои 4 сол пешбинӣ шуда, дар Тоҷикистон аз соли 2009 шуруъ гардидааст. Барномаи мазкур кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри рушди захираҳои башарӣ дастгирӣ намуда, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






