Имзои лоиҳаи бахши истифодаи замин
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив Созишномаи маблағгузории «Лоиҳаи истифодаи аз нигоҳи экологӣ устувори замин ва рушди кишоварзӣ дар деҳот» — ро имзо намуданд. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин лоиҳа фароҳам овардани имконият барои сокинони деҳот ҷиҳати афзун гардонидани сармоя ба манзури такмили истифодаи захираҳои табиӣ ва вусъат бахшидани устуворӣ ба тағйири иқлим мебошад. Маблағи умумии лоиҳа 14 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур то соли 2018 дар амал татбиқ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






