Имзои шартномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо

Июнь 4, 2013 15:41

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Миёни роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи Даугавпилсский (Латвия) дар мавриди табодули донишҷӯёну омӯзгорон, корҳои илмӣ, таълимӣ, аспирантура, омодасозии лоиҳаҳои муштарак, гузаронидани семинарҳо вобаста ба масъалаву мушкилоти омӯзгорӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Маъмурияти донишгоҳҳо дар шахси ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва ректори Донишгоҳи Даугавпилсский, доктори илмҳои биологӣ, профессор Арвид Баршевскис бо имзои ин шартнома мехоҳанд ҳамкории қаблии худро, ки нисбатан кам буд, вусъат бахшанд. Ба қавли муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева, агар соле пештар 11 шартнома вуҷуд дошт, дар айни ҳол байни ин ду донишгоҳ зиёда аз 40 шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, барои рушди соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос равона гардидааст.

Июнь 4, 2013 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!