Иштироки ҲХДТ дар Конфронси байналмилалии аҳзоби сиёсии Осиё
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Чанде пеш дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси навбатии байналмилалии аҳзоби сиёсии Осиё баргузор гардид.Конфронc дар мавзӯи «Пешрафти инкишофи сабз, бунёди муштараки Осиёи зебо» баргузор шуд, ки дар кори он бо даъвати Ҳизби Коммунистии Чин муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва корманди масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Гулнора Худойбердиева ширкат варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки дар конфронс намояндагони 57 аҳзоби сиёсӣ аз 33 давлати минтақаи Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ ширкат доштанд. Дар кори конфронси мазкур намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, муовини роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Юан Тсао, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи Марказӣ Ван Тся Жой иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар давоми ду рӯз дар бахшҳои алоҳида кори конфронс идома ёфта, аз ҷониби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ маърӯзаҳои ҷолиб шунида шуданд. Муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов дар мавзӯи «Иқтисодиёти сабз- роҳ ба рушди устувор ва азбайнбарии камбизоатӣ дар Тоҷикистон» сухан гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази таблиғот ва таҳлилии ҲХДТ Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






