Истеҳсоли семент коҳиш ёфт
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тайи 5 моҳи соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли семент коҳиш ёфта, дар ин муддат беш аз 16 ҳазор тонна семент тавлид шуд, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли 2012 баробари 73 ҳазор тонна камтар аст. Дар давоми моҳҳои январ ва майи соли ҷорӣ 89 ҳазору 900 тонна семент истеҳсол шудааст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани истеҳсоли семент қатъ шудани фаъолияти калонтарин корхонаи «Тоҷиксемент» бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ мебошад. Назар ба гуфтаи манбаъ, алҳол дар ҷумҳурӣ 9 корхонаи семент фаъолият дорад, ки 8 – тои онҳо барои истеҳсоли маҳсулот ангиштро истифода менамоянд. Ҳоло дар корхонаи «Тоҷиксемент» барои истифодаи ангишт таҷҳизоти нав насб карда мешавад. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, имсол бо иштироки сармоягузорони Чин бояд дар ноҳияи Ёвон корхонаи нави калони семент мавриди истифода қарор дода шавад, ки иқтидори солонааш 1 миллион тонна семент хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






