«Истиқболи самимӣ» аз «МегаФон» дар Русия
Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Муштариёни ширкати «МегаФон» дар Русия метавонанд ҳамагӣ бо арзиши 1 рубл барои як дақиқа зангҳои содиротиро дар дохили шабака ба муштариёни дар Тоҷикистон қарордошта анҷом диҳанд. Ширкати «МегаФон» дар Русия ба мусофирони Тоҷикистон пайвастшавиро ба нархномаи «Истиқболи самимӣ» пешниҳод менамояд. Мувофиқи шартҳои нархномаи мазкур муштариёни оператор метавонанд зангҳои содиротиро ба рақамҳои «МегаФон Тоҷикистон» ҳамагӣ бо арзиши 1 рубл барои 1 дақиқа анҷом диҳанд. Арзиши имтиёзнок аз дақиқаи 2 то дақиқаи 20-уми сӯҳбат амал мекунад. «Дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия 350 000 – 400 000 нафар сафар мекунанд. Мо хуб дарк мекунем, ки дар баробари сафари худ онҳо ҳамчунин мехоҳанд алоқаро бо наздикони худ нигоҳ доранд. «МегаФон» ба онҳо чунин имкониятро фароҳам меорад. Нархномаи «Истиқболи самимӣ» ба муштариёни дар Тоҷикистон иқоматкунанда ва истифодабарандагони алоқаи мобилии «МегаФон» дар Русия имкон медиҳад, ки бе нигаронӣ оид ба гаронии арзиши даъватҳо сӯҳбатҳоро анҷом бидиҳанд», — мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Дмитрий Семёнов.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






