Кӯмаки Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 18 июн муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов бо ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии Гарри МакМаҳон ва директори минтақавии котиботи ибтикороти шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ Дивеке Роган мулоқот анҷом дод.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Руҳулло Ҳакимов дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳад. Баъди рӯи кор овардани ислоҳоти иқтисодӣ вазъи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ хеле беҳтар гардид. Гарри МакМаҳон зикр намуд, ки Бонки умумиҷаҳонӣ дар амри ибтикороти шаффофият дар бахшҳои истихроҷ таҷрибаи ғанӣ андӯхта, азм дорад, ки ба Тоҷикистон барои истифодаи ин таҷриба қарзҳои бебозгашт диҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






