Каналҳои обёрӣ барқарор мешаванд
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). – 25 июн маросими хатми «Лоиҳаи таҷдиди каналҳои обёрии ноҳияи Ванҷ» баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи мазкурро Ҳукумати Ҷопон дар ҳошияи лоиҳаҳои ёрии маҷҷонии амнияти гуманитарӣ барои табақаҳои васеи аҳолӣ ба маблағи умумии 105 ҳазору 186 доллари ИМА маблағгузорӣ намуда ва он бо роҳбарияти ҷамъияти ФОКУС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни ҳамкорӣ бо ҳукуматдорони маҳаллӣ ва сокинони деҳот дар амал татбиқ гардид. Хотирнишон месозем, ки баъди зилзилаи шадиди соли 2010 каналҳои обёрии ноҳияи Ванҷ ба таври ҷиддӣ зарар дида, ба лойқазор табдил ёфта буданд. Мақсад аз ин лоиҳа барқарор намудани ҳосилнокии замин бо усули таҷдиди 7 канали обёрӣ буда ва барои рушди устувори кишоварзӣ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






