КДАМ бошишгоҳи «меҳмонони нохонда»-ро нобуд кард
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон 3 амалиёт гузаронида, аз қочоқчиён қариб 50 килограмм маводи мухаддир мусодира намуданд. Зимни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаи Ёли ҷамоати Ёли ноҳияи Шўрообод аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Холова Чамангул Сўфиевна дар дохили зарфи оҳании обгирӣ 3 килограмму 224 грам маводи мухаддири навъи бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Тафтиши ходиса нишон дод, ки маводи нашъадор ба бародари Холова Чамангул Холов Фирдавсӣ Сўфиевич, соли таваллудаш 1981 ва Юнусов Хуршед Исоевич, соли таваллудаш 1980 тааллуқ дорад. Номбурдагон борро аз қочоқчии афғон бо номи ҳоҷӣ Ҳайдар гирифта, сипас онро дар ҳавлии Холова Чамангул пинҳон кардаанд.Дар пайи як амалиёти дигари кормандони амниятӣ кўшиши ҷинояткоронаи гурўҳи силоҳбадасти қочоқчӣ таҳти сарварии сокини улусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон бо номи Сафиуллоҳ дар мавзеи сарҳадии Хирманҷо барбод дода шуд. Ҳангоми амалиёт марзшиканон ба кормандони КДАМ ҶТ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурданд. Аснои азназаргузаронии чойи ҳодиса дар 2 борхалта 21 килограмму 500 грам бангдона ёфта, гирифта шуд.Боз як амалиёт дар минтақаи куҳии Дудара гузаронида шуда, кормандони мақомот дар ҷойи воқеа 24 килограмму 360 грам бангдонаро мусодира намуданд. Тибқи маълумоти маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ин бори маргпош ба кочоқбарони афғон таҳти сарварии мулло Наҷиб валади Ғуломрасул тааллуқ дорад. Дар вақти азназаргузаронии мавзеъҳои куҳии Қавоқ ва Дудараи ноҳияи Шурообод макони будубоши муваққатии қочоқчиён (канукҳо) бо миқдори зиёди пўсти бузи куҳӣ, маводи хўрокаю пўшока, таҷҳизоти ёрирасони телефонҳои мобилӣ ва дигар ашё ошкор карда шуданд. «Меҳмонони нохонда» дар баробари марзшиканӣ, интиқоли маводи мухаддир, ҳамчунин ба шикори бузи куҳӣ, ки ҳамчун ҳайвони нодир ба Китоби сурх ворид шуда, шикораш мамнуъ эълон гардидааст, даст мезананд ва бо ин аъмоли худ ба табиати зебою ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳисороти калон мерасонанд. Бошгоҳи кочоқчиён баъди санҷишу азназаргузаронӣ несту нобуд карда шуд.Айни замон нисбат ба ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






