Конфронс аз рӯи масъалаи Сурия мавқуф гузошта шуд
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). – Қӯшунҳои ҳукуматии Сурия шаҳри аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Ал – Қусейрро таҳти назорати худ гирифтанд. Муҳорибаи зидди ба ном мухолифини мусаллаҳ қариб 2 моҳ давом карда, бо шикасти пурраи силоҳбадастон анҷом ёфт. Ҳамзамон тасмим гирифта шудааст, ки конфронс аз рӯи масъалаи Сурия то моҳи июл мавқуф гузошта шавад.хххПрезиденти Федератсияи Русия Владимир Путин фармонро дар бораи истеъфои раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин имзо намуд. Сергей Собянин истеъфояшро шахсан аз Президент хоҳиш кардааст. Ба ҳамин тариқ имконияти интихоботи мустақими раиси пойтахти Федератсияи Русия фароҳам омадааст.хххИмрӯз, 6 июн, Рӯзи пушкинхонӣ дар Русия, Рӯзи таваллуди шоири бузурги рус ва Рӯзи забони русӣ ба шумор меравад. Бахшида ба ин рӯз на фақат дар Русия, балки дар хориҷ аз он ҳам чорабиниҳои идона роҳандозӣ шуда, намоишгоҳу консертҳо баргузор мегарданд.хххМаъмурияти ИМА бори нахуст Николас Мадуроро расман президенти Венесуэла номбар карда, ба ҳамин тариқ ғалабаи ӯро дар интихоботи пешакӣ эътироф намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






