Кумакаи моддии Президент ба 55 ятими бепадару модари шаҳри Панҷакент
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). -Дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писари духтарони ятим, ки аз падар ва модар маҳрум мондаанд, мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли рӯзгорашон пурсон шуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуд.Ба роҳбарияти сохторҳои масъули маҳаллию вилоятӣ дастур дода шуд, ки вазъи зиндагӣ, мактабхонӣ ва таъмини ояндаи хуби онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






