Куштор бо мақсади роҳзанӣ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 2 июн дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Аҳмадхуҷа Норхуҷаевич, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, соҳибкор, ворид шуда, ӯро ва ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон Шукуровна, соли таваллудаш 1974, фарзандони ноболиғаш Бобоева Рухшона Аҳмадхуҷаевна, соли таваллудаш 1997, хонандаи синфи 9-уми гимназияи №1 -ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонида, фарзанди дигараш Бобоев Санҷарбек Аҳмадхуҷаевич, соли таваллудаш 2007-ро дар ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намуда, сипас дари сандуқи оҳанини дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани амали ҷинояткоронаашон бо истифодаи бензин хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Аҳмадхуҷа Норхуҷаевичро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ноболиғ Бобоев С. аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо Фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов гуруҳи тафтишотию фаврӣ таъсис дода шуда, муовини вазири корҳои дохилӣ роҳбари гуруҳ мебошад. Сардорони Раёсати кофтукови ҷиноӣ, Раёсати ташхиси криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар вилояти Суғд барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






