Кувайт ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи нафт бо Тоҷикистон ҳавасманд аст
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.Дар мулоқот бо Директори иҷроияи ширкати миллии нафтии Давлати Кувайт Низор Муҳаммад ал-Адсонӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафт миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.Низор ал-Адсонӣ изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ба ташкили чунин ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш таъкид доштанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






