Квотаи президентӣ барои хатмкунандагони макотиб
Қӯрғонтеппа, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маъракаи интихоби донишҷӯён барои дохилшавӣ ба донишкадаҳои олии кишвар мувофиқи квотаи президентӣ оғоз ёфт, ки он то 21 июн давом мекунад.Назар ба хабари сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва равобит бо ҷомеаи маъмурияти вилояти Хатлон Исматулло Каримов, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1500 нафар барои сӯҳбат ҷамъ омадаанд. Имсол 468 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо квотаи президентӣ ба 15 донишкадаи олии кишвар дохил мешаванд, ки 242 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






