М.Маҳмадаминов дар Форуми хизматчиёни давлатии СММ

Июнь 24, 2013 16:10

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 24 то 27 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн Форуми хизматчиёни давлатии СММ таҳти унвони «Гузариш ба ҳукумати электронӣ ва инноватсия: таъсиси ояндаи нек барои ҳама» баргузор мегардад, ки дар кори он Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд. Тавре аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар доираи форум ташкил намудани ҷаласаҳои пленарӣ, вохўриҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо ба нақша гирифа шудааст, ки тибқи барномаи мувофиқагардида М. Маҳмадаминов дар мизи мудаввари вазирон дар мавзўи «Роҳҳои пеш бурдани инноватсия дар соҳаи идоракунии давлатӣ бо мақсади бунёди ояндаи нек барои ҳама», ки рўзи 24 июн баргузор мегардад, иштирок мекунад. Дар ин форум зиёда аз 700 нафар аз 97 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Июнь 24, 2013 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад