М. Шоев: «Занги камолот» бидуни чорабиниҳои зиёдатӣ садо медиҳад
Душанбе, 6 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар «Занги камолот» садо медиҳад, ки аз анҷоми соли хониш дар дабистонҳо паём мерасонад. Назар ба иттилои Маҳмудхон Шоев – сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ маросими «Занги камолот» дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар аз соати 8:00 –и субҳи 7 июн шуруъ гардида, он тибқи муқаррарот муддати 1 соат идома ёфта, баъдан мувофиқи ҷадвали таълимӣ дарсҳо дар мактабҳо давом мекунанд. Дар маросими «Занги камолот» намоиши саҳначаҳо аз ҳаёти мактабӣ, расмҳои кашидаи толибилмон ба маърази тамошо гузошта шуда, суруду мусиқӣ дар васфи мактабу муаллим садо хоҳанд дод. Инчунин хонандагон имкон доранд ба китобхонаи мактаб ҳамчун туҳфаи ёдгорӣ китоберо бо соядаст тақдим намоянд. Маҳмудхон Шоев таъкид кард, ки дар рӯзи «Занги камолот» ҷамъ кардани маблағ барои оростани зиёфат, хусусан дар тарабхонаҳо, тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст. Дар рӯзи «Занги камолот» волидайни толибилмону хатмкунандагон, кормандони масъули Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои табрики хатмкунандагон ба дабистонҳо ташриф меоранд ва ҷараёни баргузории маросими «Занги камолот»-ро назорат мекунанд. Намояндаи масъули Вазорати маорифи кишвар зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 816 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд дорад, ки дар он 1 миллиону 700 ҳазор толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Тибқи нишондодҳои оморӣ дар соли равон мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварро 111 ҳазору 486 нафар талаба хатм менамояд, ки аз он 41 ҳазору 854 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Теъдоди хонандагони синфи 1-ум, ки ба синфи дуюм мегузаранд 165 ҳазор аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






