Мақсад-ҳосили фаровон
Кулоб, 6 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Ҳалима Неъмонова, сокини ноҳияи Фархор солиёни зиёд аст, ки деҳқониро пеша кардаву бо меҳнати ҳалол ва обилаи даст ризқи аҳли оилаашро пайдо мекунад. Баъди таҷдиди сохтори хоҷагии қишлоқ Ҳалима дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз ҳисоби саҳмияҳояш хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, ба парвариши пахта ва сабзавот машғул аст. Дар замини хоҷагии деҳқонии Ҳалима Неъмонова қариб ҳама намуди сабзавот кишт шуда, нашъунамои хуб доранд. Ҳафтаи оянда ҳосили бодирингу помидор пухта мерасад. Ин зани меҳнатдӯст дар соҳаи пахтакорӣ низ таҷрибаи хуби корӣ дорад ва аллакай қоидаҳои агротехникиро дар майдони кишти пахта ба анҷом расонидааст. Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ бо супориши Сарвари давлат ҳамаи пойгаҳҳои обкаши ноҳияи Фархор сари вақт таъмир шуда, хоҷагидорон мақсад доранд ҳосили бештар ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






