Мизи мудаввар бахшида ба муносибатҳои байналмилалӣ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори Комиссари олии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба умури аққалиятҳои миллӣ ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир аз 29 то 30 май дар шаҳри Лондон мизи мудаввар дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон — муносибатҳои қавмӣ, амнияти минтақа ва ҳамкорӣ» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ширкат доштанд. Иштирокдорони мубоҳиса вазъи ҳозира ва тамоюлҳои асосии бахши муносибатҳои қавмии минтақаи Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни мақоми иттиҳодияҳои трансмиллӣ дар амри муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






