Муҳоҷирони меҳнатиро чаро берун мекунанд?
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Имрӯз 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Нижний Новгороди Федератсияи Русия кору фаъолият мекарданд, бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои Федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран берун карда шуданд. Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандонро зарур аст, ки ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, мушкилот ва проблемаҳои худро доир ба берункунӣ (депортатсия) ва дигар масъалаҳои мавҷуда ҳаллу фасл намоянд. Ҳамчунин, пеш аз сафар бояд аз тағйиру иловаҳо дар қонунҳои Федеролии Русия бохабар шаванд . Ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия иҷозаи кор, патент ё қайди муввақатиро бигзаранду баъдан озодона кору фаъолият намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






