Муҳокимаи масъалаи рушди таҳсилоти калонсолон
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Проблемаҳои таъмини илмии раванди рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» — чунин буд мавзӯи конфронси илмӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конфронси илмӣ бо ибтикори Анҷумани таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон зимни ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи ҶТ ва дастгирии молиявии созмонҳои байналмилалӣ дар ҳошияи роҳандозии Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон, ки аз 17 то 21 июн дар Тоҷикистон сурат гирифт, доир шуд.Дар кори конфронс раиси Раёсати Анҷумани таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон Соҳиба Раҳимова, ҳамчунин намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, як қатор созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.Мақсад аз доир намудани конфронс омӯзиши сиёсати имрӯзаи бахши маориф дар низоми таҳсилоти калонсолони ҶТ, рушди илм ва ҳавасмандгардонии тарҳҳои маблағгузорӣ барои системаи маориф ва вусъати мушорикати иҷтимоӣ дар ҳамаи ниҳодҳои низоми таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон буд. Дар анҷоми конфронси илмӣ тавсияҳои дахлдор ироа шуда, баъди ин маросими расмии пӯшидани Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон ва мукофотонидани иштирокдорон ва аъзои Анҷумани таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






