Муҳокимаи принсипҳои асосии истифодаи антибиотикҳо
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Принсипҳои асосии истифодаи оқилонаи антибиотикҳо ва роҳҳои безарар гардонидани онҳо», — чунин буд мавзӯи семинари журналистон, ки 19 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар семинар директори Маркази иттилоотии оид ба дорувории назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳбуба Аҳророва, ҳамчунин мутахассисони маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ сухан карданд. Иштирокдорони семинар гузоришҳоро дар мавзӯъҳои истифодаи нодурусти антибиотикҳо ва таъсири манфии онҳо, принсипҳои асосии муолиҷа бо истифода аз антибиотикҳо шуниданд. Дар семинар зикр шуд, ки истифодаи оқилонаи дору яке аз омилҳои сари вақт шифо ёфтани беморон мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






