Муҳокимаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак

Июнь 7, 2013 10:59

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 6 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор бо роҳбарии коршиноси хазинаи мазкур Энрико Аав ва намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Ари Айзен баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили мубрам ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати андоз ва корбурди он табодули афкор баргузор гардида, ба масоили татбиқи Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисоси низоми андози кишвар ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар дар ин самтро мавриди муҳокима қарор доданд.

Июнь 7, 2013 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд