Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Гарлики Туркманистон

Июнь 5, 2013 18:55

Душанбе, 5 июн (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳраки Гарлики Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ ҳамгироии судбахши худро ба нафъи мардумони ду кишвар ва кулли минтақа густариш мебахшанд.Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯй сурат гирифт.Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавӣ, аз қабили хатти барқии CASA-1000 ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.Табодули андеша, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамгироии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи оташфишон доир гардид.Дар шаҳраки Гарлик, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор гардид.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории минтақавию ҷаҳонии се кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар ҷараёни сохтмон ва ба баҳрабардорӣ расондани роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон баррасӣ шуд.

Июнь 5, 2013 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!