Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири куллӣ СҲШ
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»). – 20 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду ҷониб баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот аз рӯи доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи созмон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба мавзӯи раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз ҷумла, зикр намуд, ки Тоҷикистон СҲШ – ро ба ҳайси созмоне баррасӣ менамояд, ки аз арзишҳои нав ва вазифаҳои басо муҳим бархурдор аст. Созмони мазкур дар давоми 12 соли мавҷудияти худ чун қувваи амалкунандаи воқеӣ мақоми хоса пайдо намуда ва баъди пайдо намудани мақоми мушоҳиду шарик дар доираи муколама фаъолиятҳои сифатан навро касб намуд. Зимни мулоқот ҳамчунин мавзӯи заминаи меъёрию ҳуқуқии созмон, татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар робита бо ин, ҷониби Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз вазифаи асосӣ иборат аз татбиқи «Стратегияи миёнамӯҳлати рушди Созмони Ҳамкории Шанхай» мебошад, ки дар ҷараёни ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Пекин қабул шуда буд. Ҷонибҳо вазъияти Афғонистон ва масъалаи мусоидат ба ҳалли мушкилоти ин кишварро муфассал муҳокима намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






