Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Сафири Арабистони Саудӣ
Душанбе, 11 июня (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил имрӯз дар Душанбе мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ба дурнамои густариши ҳамкориҳо назари некбинона доранд. Мусоҳибон паҳлуҳои васеи ҳамкориҳоро, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ дар меҳвари мулоқоти худ қарор доданд ва доир ба рушди ин соҳаҳо табодули назар намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






