Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо устондори музофоти Хуросон
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар»). – 27 июн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Машҳад бо устондори музофоти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон Фурӯзон Меҳр мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вусъати мусбати рушди ҳамкории дуҷониба ва зарурати вусъати бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва соҳибкории инфиродиро ба таври махсус қайд намуданд. Ҳамрохон Зарифи таваҷҷуҳи мусоҳибро ба аҳамияти ба кишварҳои якдигар сафар кардани мутахассисони Эрону Тоҷикистон дар бахши саноати нассоҷӣ ва қолинбофӣ ҷалб намуд. Фурӯзон Меҳр дар навбати худ аз дастоварҳои музофоти Хуросон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат нақл карда, зикр намуд, ки дар давраи гузашта дар Машҳад 5 намоишгоҳи молҳои саноатӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон доир гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






