Мулоқоти директори АНМН
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»). – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ Рустам Назаров дар ҷараёни ҳамоиши ХХХ –уми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар шаҳри Маскав идома дорад, бо директори Маъмурияти оид ба назорати маводи нашъаовари ИМА Мишел Леонҳарт мулоқот анҷом дод.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин тамоюлҳои вусъати ташаннуҷи вазъи маводи нашъаовар дар минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд. Мишел Леонҳарт фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Маъмурияти оид ба назорати маводи нашъаовари ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар масъалаи ташкили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ёрии ҳамаҷониба мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






