Мулоқоти Э. Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай
Душанбе, 21 июн (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сиёсати ҷавонон зоҳир гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҳамеша мутобиқ ба рӯҳияи созандаи созмон устуворона амал карда, дар татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати рушди Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар санадҳои муҳими қабулшуда, саҳми намоёни худро мегузорад”.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пурсамар хоҳад буд.Интизор меравад, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай пас аз ҳамоиши Бишкек аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гузашта, ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






