Мулоқоти Э. Раҳмон бо Роҳбари Хазинаи Кувайт оид ба сармоягузорӣ
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Хазинаи Кувайт оид ба сармоягузорӣ Бадр ал Саадро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот доир ба дурнамои судбахши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла барои сармоягузории бисёр лоиҳаҳои зербинои энергетикию нақлиётӣ, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии ду кишвар ба таҳкими ҳамкории дарозмуддат таъкид гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






