Мулоқоти Э. Раҳмон бо Сарвазири Давлати Кувайт
Душанбе, 23 июн (АМИТ «Ховар»).-Қабл аз музокироти сатҳи олӣ, ки бо иштироки сарони ду давлат баргузор мегардад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ низ мулоқот намуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.Шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ изҳор дошт: “Боздиди навбатии Шумо ба Давлати Кувайт пурбаракат аст”.Зимнан ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони љањонии савдо барои густариши чунин ҳамкорӣ муҳим дониста шуд.Доир ба роҳҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ дар соҳаҳои роҳсозӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ даъват намуд, ки моҳи августи соли равон барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об ба шаҳри Душанбе ташриф биёрад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






