Мулоқоти М. Маҳмадаминов бо сокинони Панҷакент
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-10 июни соли ҷорӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони сохторҳои вазорат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд ташриф овард. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ҳадафи сафар аз наздик шинос шудан бо фаъолияти сохторҳои системаи вазорат ва ҷараёни таълими курсҳои дўзандагӣ ва компютерӣ барои занон ва ҷавондухтарон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент мебошад. Зимни сафар рўзи 12 июн дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қабули шаҳрвандон бо иштироки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат дар назар аст.Инчунин М. Маҳмадаминов дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои таълимии дузандагӣ, компютерӣ ва қаннодии деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рўдакӣ ва маросими гузоштани катибаи ёдгорӣ ба наслҳои оянда дар зербинои Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳалӣ ва муҳоҷирати шаҳри Панҷакент иштирок мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






