Мулоқоти масъулин бо ҷавонон
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Аз 18 то 20 июни соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Бохтар ва шаҳри Қурғонтеппаи вохӯрии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонон доир гардид. Ин иқдом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба татбиқи қавонини амалкунандаи кишвар «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ироа гардидан, роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи аслии мулоқотҳо тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва хештаншиносию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз созандагӣ ва бунёдкорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили худкушиву хариду фуруши одамон, ҷинояткорӣ ва амсоли инҳо мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






