Мулоқоти Оқил Оқилов бо Лора Пак
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард.Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда. барои тақвияти раванди ин ҳамкориҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.Тавре ки таъкид гардид, Бонки Ҷаҳонӣ аз шарикони асосии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар соли 2012 байни Тоҷикистон ва бонки мазкур 7 созишномаи ҳамкорӣ дар ҳаҷми беш аз 90 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст.Ҷонибҳо дар мулоқот барои боз ҳам беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои афзалиятнок таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






