Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Роҳбари Девони Амири Кувайт
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Зимни мулоқот бо Роҳбари Девони Амири Кувайт Носир Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир ал Сабоҳ масоили татбиқи амалии санадҳои қаблан ва зимни ин сафар имзошуда баррасӣ шуд.Роҳбари Девон изҳор дошт, ки “Амири Давлати Кувайт ва кулли роҳбарияти кишвар ба ташкил ва густарши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон ва мардуми дорои таъриху фарҳанги пурғановати он ҳавасмандии беандоза доранд”.Изҳори итминон карда шуд, ки аз ин ба баъд дар таърихи муносиботи ду кишвар марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ оғоз меёбад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






