Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо Дабири кулли «Интерпол»

Июнь 11, 2013 11:36

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 10 июн вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо Дабири кулли «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла масъалаи марбут ба рабудани мошинҳо ва таҷзияи онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Интерпол» дар ин самт ба натиҷаҳои қобили қабул ноил шудаанд. Роналд Кеннетт Нобл дар навбати худ зикр намуд, ки бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии ҶТ табодули иттилоот ба манзури ҷустуҷӯи ҷинояткорон рушду густариш ёфта ва ҳамкории онҳо натиҷаҳои хуб бахшидаанд.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аҳд намуданд, ки ҳамкории муштарак минбаъд ҳам вусъат дода шавад.

Июнь 11, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард